Дар шаҳри Шанхайи Чин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар СХШ ифтитоҳи ин намоишгоҳро ба ҳозирин табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба унвони «Дӯсти рассомони ҷаҳон» сарфароз гардонида шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ба ғолибони озмун миёни рассомони кишварҳои узви СҲШ ҷоизаҳо супурда шуданд.



