Чин Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи терроризм дастгирӣ мекунад

Шоми рӯзи 19-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд. […]



Шоми рӯзи 19-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодасозии кадрҳои ин соҳа, аз ҷумла доир ба мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи иттилоот, зоҳир карда шуд.

Мин Ҷен Чжу изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо марзи тӯлониаш бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, аз ин хотир Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки сохторҳои марбутаи ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.