Қаҳҳор Маҳкамов бори нахуст бо аҳли ҷомеа суҳбат мекунад

Президенти нахустини Тоҷикистон, узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар кори ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо», ки ба он журналисти маъруф ва олим, профессор Иброҳим Усмонов роҳбар аст, иштирок ва суханронӣ мекунад. Ҷаласа бо иштироки Қаҳҳор Маҳкамов рӯзи 22-юми май соати 17 дар бинои маркази тиҷоратии «Пойтахт» бо суроғаи кӯчаи Турсунзода, 45 доир […]



Президенти нахустини Тоҷикистон, узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар кори ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо», ки ба он журналисти маъруф ва олим, профессор Иброҳим Усмонов роҳбар аст, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Ҷаласа бо иштироки Қаҳҳор Маҳкамов рӯзи 22-юми май соати 17 дар бинои маркази тиҷоратии «Пойтахт» бо суроғаи кӯчаи Турсунзода, 45 доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» Иброҳим Усмонов хабар дод, президенти нахустини Тоҷикистон ният дорад, ки ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласаи фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» посух бигӯяд.

Пас аз канор рафтан аз сиёсат дар моҳи августи соли 1991 президенти аввали Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов қариб ҳеҷ гоҳ бо журналистон ва аҳли ҷомеа гуфтугӯ накардааст.

Қаҳҳор Маҳкамов 16-уми апрели соли 1932 дар шаҳри Ленинобод (феълан Хуҷанд) ба дунё омадааст. Ходими сиёсӣ ва давлатии тоҷик ва даврони советӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон (1982—1986), Котиби Якуми Шӯрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии ҶСС Тоҷикистон (1985—1991), Раиси Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон (1990), аввалин президенти Тоҷикистон (1990—1991). Аз соли 2000 узви доимии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.