Дипломати бритониёӣ аз АНМН боздид кард

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо ҷаноби Ричард Вуд – муовини Сафири Британияи Кабир баргузор гардид. Бино ба иттилрои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар ва минтақа, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва боло […]



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо ҷаноби Ричард Вуд – муовини Сафири Британияи Кабир баргузор гардид.

Бино ба иттилрои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар ва минтақа, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва боло рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон нақл намуд.

Роҳбари Агентӣ ба муовини Сафир оид ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар иттилоот дод.

Муовини Сафир изҳор намуд, ки омода аст баҳри амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-2020” саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар анҷоми мулоқот дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.