Супориши раиси пойтахт оид ба назардошти фаъолияи ҷамъиятии номзадҳо ба Ҳаҷ-2014

Чанде қабл дар ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараёни иҷрои қарори раиси пойтахт «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матюбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пурсамар баргузор намудани […]



Чанде қабл дар ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараёни иҷрои қарори раиси пойтахт «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матюбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пурсамар баргузор намудани вохӯриҳои муовинонаш ва раисони ноҳияҳо бо сокинони ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳо ҷалб намуд, ки то 31-уми август идома меёбанд.

Ҳамчунин раиси пойтахт ба ҳозирин прокурори нави шаҳр Мирзошариф Шарифзодаро муаррифӣ кард.

Раиси пойтахт таъкид доштааст, ки минбаъд тамоми чорабиниҳо дар чаҳорчӯби назардошти сарфакорӣ баргузор карда мешаванд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба комиссияи шаҳрӣ оид ба ташкили маъракаи Ҳаҷ-2014 супориш додааст, ки зимни интихоби номзадҳо, бахусус касоне, ки бори нахуст ба ҳаҷ мераванд, ба фаъолияти ҷамъиятии онҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати назорати ҳифзи муҳити зист, сифати оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, иҷрои буҷети шаҳр, ҷамъоварии андоз ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон дастуру супоришҳо дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.