Навбати дуюми МБГ Душанбе-2 тобистон ба истифода дода мешавад

Рӯзи 19-уми май дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати ТВЕА Чжан Синро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сершумори энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бо ёдоварӣ аз кори пурсамари ҳаштсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои […]



Рӯзи 19-уми май дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати ТВЕА Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сершумори энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз кори пурсамари ҳаштсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои минбаъда низ аз ҷониби ин ширкат бо сифати баланд ва мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд.

Тавре зикр гардид, давоми 2 моҳи оянда навбати дуюми Маркази барқугармӣ (МБГ)-и дуюми Душанбе ба кор дароварда мешавад ва иқтидори он ба 100 мегаватт баробар мешавад. Доир ба бунёди боз ду навбати дигари ин марказ бо иқтидори 300 мегаватт низ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Бо амалӣ шудани ин лоиҳа иқтидори маркази мазкур ба 400 мегаватт расонда хоҳад шуд.

Чжан Син изҳор дошт, ки ширкати ТВЕА бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз  ҷумла маркази таълимӣ доир ба омодасозии кадрҳои соҳаи электроэнергетика ва мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намуда, ҳамзамон дар навсозии қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ низ иштирок хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.