Нашри нахустин энсиклопедия барои кӯдакон бо забони тоҷикӣ

Дар Тоҷикистон бори нахуст Энсиклопедия (Донишнома) барои кӯдакон бо забони тоҷикӣ нашр шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сармуҳаррири Энскилопедияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Раҳматзод хабар дод, ин китоб ҳанӯз ахири соли гузашта бо теъдоди 800 нусха ба чоп расида, арзишаш 230 сомонӣ аст. «Бори нахуст тӯли фаъолиятам шоҳиди он шудам, ки тамоми нусхаҳои китоб хеле зуд […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Дар Тоҷикистон бори нахуст Энсиклопедия (Донишнома) барои кӯдакон бо забони тоҷикӣ нашр шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сармуҳаррири Энскилопедияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Раҳматзод хабар дод, ин китоб ҳанӯз ахири соли гузашта бо теъдоди 800 нусха ба чоп расида, арзишаш 230 сомонӣ аст. «Бори нахуст тӯли фаъолиятам шоҳиди он шудам, ки тамоми нусхаҳои китоб хеле зуд ба фурӯш рафт», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, китоб рангаву ҷолиб ва хушсифат чоп гардида, коршиносони забони тоҷикӣ бар ин назаранд, ки он осону дастрас навишта шудааст. Рӯи таҳияи ин энксклопедия даҳҳо олимон кор кардаанд.

«Энсиклопедия аз маълумоти умумӣ ва мушаххас дар бораи таърихи Тоҷикистон, пайдоиши тамаддун иборат буда, фаслҳои алоҳида ба кайҳон, техника, олами ҳайвонот ва ғайра бахшида шудаанд. Маводи бештари нашрия таърихи Тоҷикистон ва табиати онро дар бар мегирад», – зикр мегардад дар муқаддимаи китоб.

Ба гуфтаи Раҳматзод, арзиши китоб барои харидорони оддӣ каме дастнорас аст, чунки он на дар матбаааи давлатӣ, балки дар матбааи хусусии «ЭР-Раҳмон» чоп шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сармуҳаррири Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон Нурмаҳмад Амршоҳӣ, баъди ду моҳ ин китоб боз ба кӯдакони тоҷик бо сифати беҳтар ва нархи дастрастар чоп ва пешкаш карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.