Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ширкати миллии нафтии Чин

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Чин, роҳбари ширкати Чайна Петролиум Ван Дун Ҷенро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи нафту газ  баррасӣ шуда, аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯйҳои геологӣ дар мавзеъҳои […]



Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Чин, роҳбари ширкати Чайна Петролиум Ван Дун Ҷенро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи нафту газ  баррасӣ шуда, аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯйҳои геологӣ дар мавзеъҳои ояндадори нафту газ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин изҳори хушӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, имсол сохтмони хати чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, оғоз хоҳад ёфт. Ҳамкории ин ширкат бо ширкатҳои Тотал ва Тетис дар Тоҷикистон дорои дурнамои умедбахш номида шуд. Бо такя ба натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ, изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ин ширкатҳо дар Тоҷикистон захираҳои фаровони нафту газ пайдо карда мешавад.

Таъкид гардид, ки ворид шудани ширкати миллии нафтии Чин ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Дар ҳошияи мулоқот миёни Тоҷикистон ва ширкати миллии нафтии Чин созишнома ба имзо расид, ки ҳамкории ду ҷонибро дар самтҳои мазкур танзим хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.