БМТ шаҳодатномаҳои ду фонди қарзии хурдро бозхонд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарорҳои навбатии худ шаҳодатномаҳои боз ду фонди қарзии хурдро бозхонд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, шаҳодатномаҳои фонди қарзии хурди «Оксус» ва Фонди қарзии хурди «Ҳаймаҳмадӣ» бозхонда шудаанд. «Ин қарорҳо бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардану зиёновар буданашон ва пешниҳод накардани ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби ин фондҳо қабул […]



Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарорҳои навбатии худ шаҳодатномаҳои боз ду фонди қарзии хурдро бозхонд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, шаҳодатномаҳои фонди қарзии хурди «Оксус» ва Фонди қарзии хурди «Ҳаймаҳмадӣ» бозхонда шудаанд. «Ин қарорҳо бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардану зиёновар буданашон ва пешниҳод накардани ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби ин фондҳо қабул шуданд», – баён мегардад дар маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ.

Тибқи қарорҳои боло Шаҳодатномаҳои фондҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Дафтари кории фонди қарзии хурди «Оксус» дар пойтахт ва Фонди қарзии хурди «Ҳаймаҳмадӣ» дар ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод воқеъ аст.

Бино ба маълумоти БМТ, баъди пас аз барҳам додани ин ду муассисаи қарзӣ шумораи фондҳои қарзии хурд дар Тоҷикистон ба 37-то расид. «Аммо чанде аз онҳо амалан кор намекунанд ва ояндаи наздик бозхонди шаҳодатномаи онҳо низ аз эҳтимол дур нест», – гуфтанд дар бонк.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.