Боздиди Раҳмон аз қароргоҳи ширкати Ҳайчен групп дар Шанхай

Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ширкати чинии Ҳайчен групп ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифта, шиносоӣ бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт. Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, […]



Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ширкати чинии Ҳайчен групп ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифта, шиносоӣ бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, аз ҷумла аз фаъолияти панҷсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, ин ширкат дар мавзеи Зарнисори Тоҷикистон бо истихроҷ ва коркарди сурбу руҳ машғул буда, то ҳол наздики 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин намудааст.

Ба наздикӣ аз ҷониби ин ширкат дар шаҳри Истиқлоли (собиқ Табошар) Тоҷикистон сохтмони комбинати металлургӣ ва корхонаҳои семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо қариб 2,5 ҳазор шаҳрвандони тоҷик бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургӣ дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол хоҳад буд.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки сохтмони ин корхонаҳо тезонда шуда, як сол пеш аз муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад. Роҳбарияти ширкати мазкур бо маслиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин уҳдадор шуд, ки дар омодасозии мутахассисони ин соҳаи Тоҷикистон ва ташкили гурӯҳҳои омӯзиши забони чинӣ саҳмгузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.