Ташрифи баронхонуми Британияи Кабир ба Тоҷикистон

Баронхонум Вивиен Стерн, узви Палатаи Лордҳои Шоҳигарии Бритониёи Кабир 22-юми майи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф меоварад. Дар иттилоияи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар муддати сафари ҳафтрӯзааш дар Тоҷикистон Баронхонум Стерн як қатор вохӯриҳои вазоратӣ ва парлумонӣ хоҳад дошт. Ӯ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият оиди мавзӯъи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ […]



Баронхонум Вивиен Стерн, узви Палатаи Лордҳои Шоҳигарии Бритониёи Кабир 22-юми майи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф меоварад.

Дар иттилоияи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар муддати сафари ҳафтрӯзааш дар Тоҷикистон Баронхонум Стерн як қатор вохӯриҳои вазоратӣ ва парлумонӣ хоҳад дошт. Ӯ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият оиди мавзӯъи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ давом хоҳад кард. Вай ҳамчунин сӯҳбатҳо оиди ёфтани роҳҳои амалӣ барои боз ҳам пурзӯр намудани муносибатҳои хубе, ки байни парлумонҳои кишварҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Бритониёи Кабир ҳастанд, доир хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Вивиен Стерн бо сафари расмиаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф меоварад. Дар он ҷо Баронхонум бо раиси ВМКБ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ хоҳад гузаронд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз солҳои 1989 то 2006 Баронхонум Стерн ба ҳайси секретари генералии муассисаҳои ислоҳотӣ фаъолият кардаст. Баронхонум то айни ҳол дар масъалаҳои роҷеъ ба муассисаҳои ислоҳотӣ нақши хеле муҳимро мебозад ва Ӯ бо мақсади бо ҳукумати Тоҷикистон пеш бурдани кору фаъолият дар ин соҳа ба Тоҷикистон якчанд маротиба сафар кардааст.

Инчунин Баронхонум вазифаи раиси Гурӯҳи парлумониро дар Тоҷикистон, ки аъзоёнашон арбобҳои британии маҷлиси шӯро иборат аз тамоми ҳизбҳои сиёсие, ки ба Тоҷикистон завқ доранд, ишғол мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.