Баҳри рушди Кӯлоб соҳибкорон 117 млн. сомонӣ маблағгузорӣ мекунанд

Аз оғози сол дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 23 корхона бо 300 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров хабар дод. «Тамоми кӯшишҳои ифтитоҳи корхонаҳои хурди нав дар доираи барномаи 2 солаи сохтмони соҳибкорон оид ба рушди минбаъдаи шаҳри Кӯлоб сурат мегиранд», – гуфт ӯ […]



Аз оғози сол дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 23 корхона бо 300 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров хабар дод.

«Тамоми кӯшишҳои ифтитоҳи корхонаҳои хурди нав дар доираи барномаи 2 солаи сохтмони соҳибкорон оид ба рушди минбаъдаи шаҳри Кӯлоб сурат мегиранд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки давоми солҳои 2014-2015 соҳибкорон ният доранд, ки барои рушди шаҳр дар ҳаҷми 117 млн. 337 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кунанд.

Н.Бозоров таъкид дошт, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони 147 иншооти гуногун аллакай қитъаи замин ҷудо шудааст. «Агар дар деҳаҳо бештар ба сохтмони иншооти варзишиву солимӣ, хизматгузорӣ ва корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, дар шаҳр меҳмонхонаҳо, марказҳои фитнесу солимӣ, чойхонаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии гуногун қомат меафрозанд», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб соҳибкорон бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 107 млн. сомонӣ 61 иншоотро ба истифода доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.