Дар Тоҷикистон милитсияро политсия номгузорӣ мекунанд



Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи политсия»-ро таҳия намуд, ки мутобиқи он минбаъд «милитсия» ба «политсия» табдили ном мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 38 модда иборат буда, қонуни моҳи майи соли 2004 қабулшудаи Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро иваз мекунад.

«Айни замон лоиҳаи қонун дар марҳилаи мувофиқасозӣ дар вазорату идорахои дахлдор қарор дошта, пас аз маъқул шуморидан аз ҷониби ҳукумат, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол мегардад», – гуфт манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни нав аслан меъёрҳоеро фаро мегирад, ки дар қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» ифода ёфтаанд.

«Барои ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии политсия дар маҳалҳо дар қонун баргузор кардани назарпурсии иҷтимоии аҳолии минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Комиссияи ҷойивазкунии кадрҳои ВКД Тоҷикистон гузаронида мешавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное