Дар Тоҷикистон милитсияро политсия номгузорӣ мекунанд

Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи политсия»-ро таҳия намуд, ки мутобиқи он минбаъд «милитсия» ба «политсия» табдили ном мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 38 модда иборат буда, қонуни моҳи майи соли 2004 қабулшудаи Тоҷикистон «Дар бораи […]



Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи политсия»-ро таҳия намуд, ки мутобиқи он минбаъд «милитсия» ба «политсия» табдили ном мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 38 модда иборат буда, қонуни моҳи майи соли 2004 қабулшудаи Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро иваз мекунад.

«Айни замон лоиҳаи қонун дар марҳилаи мувофиқасозӣ дар вазорату идорахои дахлдор қарор дошта, пас аз маъқул шуморидан аз ҷониби ҳукумат, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол мегардад», – гуфт манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни нав аслан меъёрҳоеро фаро мегирад, ки дар қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» ифода ёфтаанд.

«Барои ҷойивазкунии ҳайати раҳбарии политсия дар маҳалҳо дар қонун баргузор кардани назарпурсии иҷтимоии аҳолии минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Комиссияи ҷойивазкунии кадрҳои ВКД Тоҷикистон гузаронида мешавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.