Дар Рӯзи ҷавонон 1 ҳазор нафар суруди миллӣ месароянд

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавононро, ки ҳамасола санаи 23-уми май ҷашн гирифта мешавад, тасдиқ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, рӯзи ҷумъа соати 5-и субҳ роҳпаймоии ҷавонон бо парчамҳои Тоҷикистон ба самти майдони «Дӯстӣ» оғоз мегардад. Дар майдон 1 ҳазор нафар ҷавонон бо тарзи зинда таҳти […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавононро, ки ҳамасола санаи 23-уми май ҷашн гирифта мешавад, тасдиқ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, рӯзи ҷумъа соати 5-и субҳ роҳпаймоии ҷавонон бо парчамҳои Тоҷикистон ба самти майдони «Дӯстӣ» оғоз мегардад. Дар майдон 1 ҳазор нафар ҷавонон бо тарзи зинда таҳти мусиқии оркестр Суруди миллии Тоҷикистонро месароянд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, вохӯрии ҷаввонон бо собиқадорони ҷангу меҳнат, аёдати сарбозону афсарони Артиши миллӣ дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки шоми рӯзи 23-юми май дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки сарояндагони ҷавони эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.