Раҳмон: Мушкилоти як қисмати Осиё чун оина дар қисмати дигараш таҷассум меёбад



Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокдорони ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Машварати кунунӣ дар замони масъул барои қитъаи Осиё доир мегардад, зеро ин минтақаи паҳновар дар партави зуҳури таҳдиду хатарҳои нав афзоиши иқтисодиву иҷтимоии боэътимод, кӯшишҳо ба рушди устувори муштарак ва пешравиро таҷассум менамояд.

Раҳмон таъкид дошт, ки мардуми Осиё, ки бо ҳам пайвастагии ногусастании таърихиву фарҳангӣ доранд, ба хубӣ дарк мекунанд, ки роҳ ба сулҳу шукуфоӣ тариқи бунёди муҳити амну устувор сурат мегирад.

Дар идома сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки давоми ду даҳсола аз замони пайдо шудани андешаи даъвати Машварат дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар қитъаи Осиё низ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст.

«Аз як ҷониб, ҷаҳонишавӣ ба рушди иқтисодӣ шароит фароҳам овард, аз ҷониби дигар таҳдиду хатарҳои нав ба рушду шукуфоии муштарак монеъа эҷод мекунанд. Мушкилоти як қисмати Осиё чун оина дар қисмати дигараш таҷассум меёбанд. Вазифаи асосии мо дарёфти роҳи ҳалли пурсамари ҳамроҳ паси сар кардани ин душвориҳо ва истифодаи пурраи имконоти пайдошуда дар ҷаҳони муосири тағйирёбанеда аст», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар робита ба вазъи афғонистон Э.Раҳмон изҳор кард, ки ин кишвари азияткашидаро набояд бо мушкилоташ танҳо гузошт ва бо мусоидати СММ мебояд ӯро дастгирӣ намуду кумак кард.

Ӯ ҳамчунин аз ба сатҳи нав расидани ҳамкориҳо миёни Эрон ва Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), ки «ба ҳалли тамоми масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эрон роҳ мекушояд»,  изҳори қаноатмандӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин мудом тақвият бахшидан ба фаъолияти ниҳодҳои пурсамари амалкунандаи минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар қитъаи Осиёро таъкид дошт.

«Имрӯз бисёр кишварҳои Осиё намунаҳои рӯҳбаландонаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро таҷассум месозанд. Бо такя ба таҷрибаи андӯхта мо бояд дар бунёди Осиёи шукуфон ва амн, ки ба мардуми мо ояндаи некро таъмин мекунад, як ҷаҳишеро ба амал орем», – изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон.

spot_imgspot_img

Популярное