Нақшаи кишти пунбадона 93% иҷро шуд

Аз майдони умумии 199,4 ҳазор гектари пешбинишуда барои кишти пунбадона дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аллакай дар майдони 182,1 ҳазор гектар кишти пунбадона ба анҷом расид, ки 93,3%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, пахтакорони вилояти Хатлон дар майдони 122,8 ҳазор гектар кишти пунбадонаро ба итмом расониданд, ки ба 96%-и нақшаи […]



Аз майдони умумии 199,4 ҳазор гектари пешбинишуда барои кишти пунбадона дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аллакай дар майдони 182,1 ҳазор гектар кишти пунбадона ба анҷом расид, ки 93,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, пахтакорони вилояти Хатлон дар майдони 122,8 ҳазор гектар кишти пунбадонаро ба итмом расониданд, ки ба 96%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. То имрӯз дар вилояти Суғд дар майдони 53,9 ҳазор гектар (89%-и нақша) ва ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 5,3 ҳазор гектар (73,6%-и нақша) пунбадона кишт карда шудааст.

«Маъракаи кишти пунбадона дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дошта, имсол хоҷагиҳои пахтакор барои кишт 42 адад тухмипошакҳоро истифода мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2013 кишоварзони Тоҷикистон 392 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоврӣ намуданд, ки 96,4%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Соли 2013 майдони кишти пахта коҳиш ёфта, пунбадона дар майдони 191 ҳазору 333 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 8 ҳазору 133 гектар камтар буд.

Ҳанӯз 10 сол қабл дар сохтори маҳсулоти содиротии Тоҷикистон пахта дар ҷойи аввал қарор дошт, вале тадриҷан ҳиссаи он дар содирот коҳиш меёбад. Масалан, соли 2012 ҳиссаи нахи пахта дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 18,6% ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 бошад, 10-15%-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.