Тоҷикистон дар арафаи тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аст

Рӯзи 20-уми май зимни ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ҷараёни тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озодро ба итмом мерасонад. Ба қавли ӯ, аз 8 кишвари Шартномаро баимзорасонида, 7 давлат аллакай онро тасдиқ кардаанд. «Рӯзи […]



Рӯзи 20-уми май зимни ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ҷараёни тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озодро ба итмом мерасонад.

Ба қавли ӯ, аз 8 кишвари Шартномаро баимзорасонида, 7 давлат аллакай онро тасдиқ кардаанд. «Рӯзи 31-уми май дар Минск Протоколи истифодаи Шартнома миёни Тарафҳои он ва Ӯзбекистон ба имзо расида, акнун шумори иштирокчиёни Шартнома дар бораи минтақа савдои озод ба 9 кишвар расид», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон коршиносон лоиҳаҳои Созишнома дар бораи савдои озоди хизматгузориҳо ва Созишнома дар бораи харидҳо барои эҳтиёҷоти давлатиро маврии омӯзиш қарор дода, ташкили ҳайати комиссияи коршиносон оид ба ҳалли баҳсҳо дар арафаи анҷомёбист.

Ёдрас мекунем, ки Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод моҳи октябри соли 2011 аз ҷониби давлатҳои Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон ба имзо расида буд. Аз ҷониби Тоҷикистон санади мазкурро собиқ нахутсвазири кишвар Оқил Оқилов имзо карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.