Отамбоев: муноқишаҳо дар марз иғвоҳои тарҳрезишуда аст

– Рӯйдодҳое, ки дар қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳанд, «иғвоҳои тарҳрезишуда» мебошанд, – изҳор кардаааст ба журналистон президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев. Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон , дар робита ба шарҳи рӯйдодҳои ахир дар марзи кишварҳо Отамбоев зикр кардааст, ки мушкилот мавҷуд буд, вале ахиран ин «аз ҷониби шаҳрвандлони ҷудогона» рӯйи кор оварда мешавад. […]



– Рӯйдодҳое, ки дар қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳанд, «иғвоҳои тарҳрезишуда» мебошанд, – изҳор кардаааст ба журналистон президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев.

Бино ба иттилои

ВАО-и Қирғизистон

, дар робита ба шарҳи рӯйдодҳои ахир дар марзи кишварҳо Отамбоев зикр кардааст, ки мушкилот мавҷуд буд, вале ахиран ин «аз ҷониби шаҳрвандлони ҷудогона» рӯйи кор оварда мешавад. «Далелҳои тақсими нӯшокиҳои спиртӣ ҷой дошта, шахсони муайян дар гузаргоҳҳои марзӣ ба рабудани силоҳҳо кӯшиш кардаанд. Дар ин бора ба ман муовини нахуствазир Абдураҳмон Маматалиев гузориш дод. Ин иғвогарии тарҳрезишудаест, ки аз ҷониби сиёсатмадорони ҷудогона барангехта мешавад. Маҳз барангехта мешавад, зеро ҳар қадр вазъ дар кишвар муташанниҷтар бошад, барои онҳо хубтар аст, вале онҳо дарк намекунанд, ки ин метавонад хеле бад анҷом пазирад. Афсӯс, ки шаҳрвандони ноогоҳи мо барои як шиша машрубот ба иғвогариҳо даст мезананд. Баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба ин амалҳо рӯй меоранд, ки метавонад ба мухолифати оммавӣ дар марз бо қурбонии даҳҳову садҳо аз ҳарду тараф боис гардад. Мо дар ин бора бо ҷаноби президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кардем», – иброз доштааст Алмосбек Отамбоев.

Президенти Қирғизистон бар ин назар аст, ки «акнун замони масъулиятро дарк кардани мардум фаро расидааст». «Аз ин рӯ, имсол Соли давлатдорӣ эълон шуд. Ҳар як шаҳрванди Қирғизистон бояд дарк намояд, ки ба ҷуз манфиатҳои шаххсӣ манфиатҳои давлат ҳам вуҷуд дорад. Солҳои ахир чунин шудааст, ки мардум манфиатҳои давлатро нодида мегиранд. Ҳеҷ масъулияте нест», – гуфтааст президенти кишвари ҳамсоя.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

ОИ «24.kg»

, Отамбоев изҳор намудааст, ки «вақте мухолифатҳоро бо роҳи истифодаи қувва ҳал карданӣ мешаванд, ин ташвишовар аст». «Ин барои ҳеҷ як давлат манфиатовар нест. Биёед масъалаҳои марзиро танҳо бо роҳи осоишта ҳал кунем. Дар ниҳояти кор ба гунае мавқуф гузорем, вале бидуни истифодаи нерӯи низомӣ ҳал кунем. Минбаъд марзҳо бояд дӯстона бошанд. Масъалаҳои таъмини амнияти Осиёро дар навбати аввал бояд худи кишварҳои Осиё бидуни дахолати кишварҳои дигари хориҷи дур ҳаллу фасл кунанд», – таъкид доштааст Алмосбек Отамбоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.