Шумори ҳалокшудагон дар задухӯрди Хоруғ ба 2 нафар расид



Дар муноқишаи имрӯза миёни як гурӯҳи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ 2 нафар ҳалок шуд. Ҳамчунин корманди ҷавони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков низ захмӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии ВМКБ хабар дод, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бародари собиқ қумондони саҳроӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро боздошт намудаанд. Як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ба ҳимояи ӯ бархоста, сипас кормандони мақомоти интизомӣ аз силоҳи оташфишон истифода кардаанд.

Дар натиҷа се тан аз сокинони маҳаллӣ ҷароҳати вазнин бардошта, ду нафарашон дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков низ аз ду тир захмӣ шуда, айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористони вилоят бистарӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, вазъ дар шаҳр ноором боқӣ мемонад. Сокинони маҳаллӣ бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро ба муҳосира гирифта, талаб доранд, ки кормандони ба сӯи онҳо оташкушодаро ба ихтиёрашон супоранд.

Зимнан зикр гардид, ки сокинони маҳаллӣ аз қаҳру ғазаб бинои шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хоруғро комилан ба коми оташ андохтаанд.


Акс аз «Озодагон»

spot_imgspot_img

Популярное