Палатаи поёнии парлумон имрӯз якдилона ва бидуни баррасӣ пешниҳоди президенти мамлакат дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вакил Акрамшо Фелалиев зикр кард, ки мутобиқи тағйирот, ба Омбудсмен ваколати ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастрасӣ ба маълумот дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода, ки ба муҳлати дуюм ба ин мансаб аз ҷониби президнт таъин карда шуд, назди вакилони палатаи поёнии парлумон савганд ёд кард.
Дар савганди худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон таъкид дошт, ки минбаъд низ ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад кард.



