Вазъи Хоруғ боз ноором шуд

Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ миёни як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ва намояндагони мақомоти интизомӣ боз муноқиша рух дод. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, имрӯз кормандони мақомоти интизомӣ кӯшиш кардаанд, ки чанде аз сокинони шаҳри Хоруғро, ки ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешуданд, ба ҳабс […]



Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ миёни як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ва намояндагони мақомоти интизомӣ боз муноқиша рух дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, имрӯз кормандони мақомоти интизомӣ кӯшиш кардаанд, ки чанде аз сокинони шаҳри Хоруғро, ки ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешуданд, ба ҳабс бигиранд.

«Як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ба ҳимояи ҳамдиёрони худ бархоста, дар натиҷа кормандони мақомоти интизомӣ аз силоҳи оташфишон истифода карданд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари тирпарронӣ се нафар сокинони маҳаллӣ ҷароҳатҳои гуногун бардошта, яке аз гумонбаршудагон ба содир намудани ҷиноятҳо, сокини маҳаллаи Бархоруғ бо номи Собир кушта шудааст. «Ҷонибдорони кушташуда бинои милисаи шаҳри Хоруғро оташ заданд», – таъкид дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон миёни аҳолии шаҳр ва ҳукумати ВМКБ гуфтушунид ҷараён дорад. «Феълан вазъ дар Хоруғ нисбатан ором буда, вале дар маҷмӯъ ташвишовар аст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли 2012 нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба аз байн бурдани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсус роҳандозӣ намуданд. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ генерал А.Назаров рӯзи 21-уми июл айбдор карда шуданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, рӯзи 24-уми июл зимни амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат 13 корманди мақомоти қудратӣ ва 30 ҷангиёни гурӯҳҳои ғайриқонунӣ куштаву боз 60 нафар ҷангиён боздошт шуданд. Дарҳол пас аз амалиёт аҳолӣ аслиҳа ва муҳимоти ҷангии сершуморашро ба мақомот супурд.

https://www.youtube.com/watch?v=SOaKzTur7RU

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.