Ифтитоҳи филиали «Бонки Эсхата» дар ноҳияи Рӯдакӣ

«Бонки Эсхата» дар ноҳияи Рудакӣ, ки барои фаъолияти бонк яке аз ноҳияҳои муҳим ба ҳисоб меравад, филиали худро боз кард.  Бино ба иттилои хадамоти матюуоти «Бонки Эсхата», моҳи декабри соли 2012 Бонки Эсхата дар ноҳияи мазкур Маркази хизматрасонии бонкиро созмон дод, ки он то ба имрӯз фаъолияти пурсамарро таҳти роҳбарии Воҳидов Абдувафо бурда истодааст.  Имрӯз […]



«Бонки Эсхата» дар ноҳияи Рудакӣ, ки барои фаъолияти бонк яке аз ноҳияҳои муҳим ба ҳисоб меравад, филиали худро боз кард. 


Бино ба иттилои хадамоти матюуоти «Бонки Эсхата», моҳи декабри соли 2012 Бонки Эсхата дар ноҳияи мазкур Маркази хизматрасонии бонкиро созмон дод, ки он то ба имрӯз фаъолияти пурсамарро таҳти роҳбарии Воҳидов Абдувафо бурда истодааст.

 Имрӯз МХБ сохтори худро иваз намуда,  ҳамчун филиал аз қайд гузаштааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин дастовард ба шарофати меҳнати софдилонаи кормандон ба даст омадааст.

 Акнун кормандони филиал ҳамаи хизматрасониҳои асосии бонкиро барои осон намудани кори мизоҷон дар сатҳи баланд расонида метавонанд.

 Лентаи рамзиро муовини раиси ноҳияи Рудакӣ Шӯҳрат Раҳимов ва директори филиал Абдувафо Воҳидов бурида, ба фаъолияти расмии филиал ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Муовини раиси ноҳия дар баромади худ ба фаъолияти филиал рушду нумӯъ ва ба кормандони он муваффақияту бурдбориҳои зиёдро таманно намуд.

 Ниҳоят меҳмонони бонк аз хизмарасониҳои бонкӣ бархурдор гардиданд, ки пешниҳоди онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ки  дар рисолати Бонки Эсхата оварда шудааст мусоидат менамояд: “Кӯмак расонидан ба рушди иқтисод тавассути дастгирии тиҷорати хурду миёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Айни замон «Бонки Эсхата» дар саросари кишвар дорои 21 филиал, 79 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 355 Нуқтаи интиқоли пулӣ аст. Дафтари асосии кории «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.