Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон чанде аз дастандаркорони бетартибиҳо дар шаҳри Хоруғро ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаммаслакони дар озодӣ қарордоштаи созмондиҳандагони бетартибиҳо таъҷилан озод кардани онҳоро талаб доранд, ки иҷрои ин талаби онҳо ғайриимкон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, талаби дигари онҳо бобати ба ихтиёрашон супурдани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба гуфтаи онҳо, дар марги ду сокини маҳаллӣ гунаҳкор будаанд, низ қобили қабул нест.
«Далели аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ истифода шудани силоҳи оташфишон ва то кадом андоза қонунӣ будани онро мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд, на як гурӯҳи ҷудогонаи шаҳрвандон», – таъкид дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ба сафарбарии нерӯҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ ҳеҷ зарурате нест. «Дар худи Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он нерӯ ва воситаҳои мақомоти қудратӣ кофӣ аст. Ғайр аз ин, аксари кулли сокинони шаҳр низ мустақилона метавонанд афроди қонуншиканро ба мусолиҳа даъват карда, масъаларо ҳаллу фасл кунанд», – афзуд сарчашмаи хабар.



