Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии вазифаҳои назди раҳбарияти КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО) гузошта оид ба дастгирии давлатии корхона, азнавсозии таҷҳизоти он ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ аз ин корхона боздид намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти ширкат А.Иброҳим изҳор намудааст, ки ояндаи наздик бо ҷалби мутахассисон ҳукумат ба таҳияи нақшаи таҷдиду азнавсозии корхона шурӯъ мекунад.
Ба муовини нахуствазир иттилоъ доданд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар бозори алюминии ҷаҳон, имрӯз корхона устувор фаъолият дорад.
Ба иттилои манбаъ, бо раҳбарият ва мутахассисони КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Азим Иброҳим масъалаҳои роҳандозии таъмин гардидани корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсолот, азнавсозии иқтидорҳои ҷудогонаи истеҳсолӣ ва беҳтар кардани сифати алюминийи истеҳсолмешударо баррасӣ кардааст.



