Ояндаи наздик ҳукумат ба таҳияи нақшаи таҷдиди «ТАЛКО» шурӯъ мекунад

Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии вазифаҳои назди раҳбарияти КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО) гузошта оид ба дастгирии давлатии корхона, азнавсозии таҷҳизоти он ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ аз ин корхона боздид намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти ширкат […]



Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии вазифаҳои назди раҳбарияти КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО) гузошта оид ба дастгирии давлатии корхона, азнавсозии таҷҳизоти он ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ аз ин корхона боздид намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти ширкат А.Иброҳим изҳор намудааст, ки ояндаи наздик бо ҷалби мутахассисон ҳукумат ба таҳияи нақшаи таҷдиду азнавсозии корхона шурӯъ мекунад.

Ба муовини нахуствазир иттилоъ доданд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар бозори алюминии ҷаҳон, имрӯз корхона устувор фаъолият дорад.

Ба иттилои манбаъ, бо раҳбарият ва мутахассисони КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Азим Иброҳим масъалаҳои роҳандозии таъмин гардидани корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсолот, азнавсозии иқтидорҳои ҷудогонаи истеҳсолӣ ва беҳтар кардани сифати алюминийи истеҳсолмешударо баррасӣ кардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.