ВКД дар бораи ҷузъиёти муноқиша дар Хоруғ хабар дод

Барои тафтиши ҳодисаи дар Хоруғ рухдода, ки ба талафоти ҷонӣ боис гардид, аз тарафи Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, ба тафтиши ҳодиса сафарбар шуд. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаи мазкурро дар сомонаи расмии худ чунин шарҳ додааст: «Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ шаҳрванд Ширинбеков […]

ASIA-Plus



Барои тафтиши ҳодисаи дар Хоруғ рухдода, ки ба талафоти ҷонӣ боис гардид, аз тарафи Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, ба тафтиши ҳодиса сафарбар шуд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаи мазкурро дар сомонаи расмии худ чунин шарҳ додааст:

«Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ шаҳрванд Ширинбеков Ширинбек, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Сучон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 16 кг («ҳашиш» ва «бангдона») дастгир гардида, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.   

Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ӯ дар нишондодаш баён кард, ки як ҳафта пеш  шаҳрванд Шанбиев Мунаввар, соли таваллудаш 1972, ҳамдеҳааш, бо як автомашинаи «Ҷип»-и рангаш сиёҳ омада, ба ӯ ин миқдор маводи мухаддирро дода фармудааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад, ки ӯро дар он ҷо интизор мешаванд.  

Нишондоди Ширинбеков Ш. пурра дар рафти тафтишот ба навор гирифта шуда, ў дар иштироки ҳимоячӣ ва холисон пурсида шудааст. Рӯзи 21 майи соли 2014 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Бахтидавлатов Б. мехоҳад Шанбиев Мунавварро  барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун гумонбар дастгир намояд.

Рўзи 21-уми майи соли 2014, соатҳои 11–и рӯз Шанбиев М., бо ду нафар ҳаммаслаконаш аз назди бинои Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тарафи Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ бо ҳамон автомашинаи тамғаи «Ҷип»-и сиёҳ ҳаракат менамояд. Гурӯҳи оперативии Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ мехоҳанд ӯро манъ намоянд.

Аммо Шанбиев М. автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони Шўъбаи мазкур ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад. Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Худоихонов Собир соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғи боло ва Абдурасулов Фрайдун соли таваллудаш 1974, сокини шахри Хоруғ боистифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Ниёзбеков Давид ва Кушанбеков Хушвахт, инчунин ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Зеваршоев Маъруф ва Ҳамроев Алишо захмдор мешаванд. Бинобар ҳамин кормандони милитсия аз яроқ оташ мекушоянд. Дар натиҷа Худоихонов Собир ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ карда мешаванд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ  ба ҷойи ҳодиса омада, аввал автомашинаи хизматиро ва баъдан бинои Шўъбаи ВКД, Прокуратура ва Суди вилоятро оташ мезананд, ки дар биноҳои мазкур сӯхтор ба амал меояд.

Ҷамъомадагон муддати 3-4 соат автомашинаҳои оташхомӯшкуниро наздик омадан намемонанд.

Ҳангоми бетартибиҳо ва гирифтани пеши роҳи издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди Шўъбаи ВКД-и ш.Хоруғ, коромӯзи шўъбаи мазкур Ашуров Гавҳар Ёрмамадович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхонаи вилоятӣ  ҳалок гардид».    

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.