«Занги камолот» барои 103 ҳазор нафар хатмкунандагон

Соли ҷорӣ дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон барои 103 ҳазор нафар нафар толибилмон занги охир садо медиҳад. Маросими «Занги камолот» чун соли гузашта 7-уми июн доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, аз шумори умумии хатмкунадагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ 44 ҳазору 805 нафарашон духтарон мебошанд. «Рӯзи 7-уми […]



Соли ҷорӣ дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон барои 103 ҳазор нафар нафар толибилмон занги охир садо медиҳад. Маросими «Занги камолот» чун соли гузашта 7-уми июн доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, аз шумори умумии хатмкунадагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ 44 ҳазору 805 нафарашон духтарон мебошанд.

«Рӯзи 7-уми июн «Занги камолот» танҳо барои хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон садо медиҳад. Барои хонандагони мактаби пойгоҳи низомии Русия (мактаби №6) ва литсейи назди Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва литсейи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон он 25-уми май садо медиҳад, зеро ин муассисаҳои таълимӣ мутобиқи низоми таълими Русия фаъолият мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон дар саросари кишвар дар маҷмӯъ 3 ҳазору 826 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз синфи 1 то 11-ум 1 млн. 45 ҳазору 939 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли гузашта низ рӯзи 7-уми июн дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои 109 ҳазору 527 нафар нафар толибилмон занги охир садо дода буд. Аз Вазорати маориф шарҳ дода буданд, ки тасмими маҳз ҳамин рӯз баргузор кардани маросими «Занги камолот» барои пурра ба анҷом расонидани барномаи 34-ҳафтаинаи мактабӣ пеш гирифта шудааст.

Соли 2013 Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти сард омадани зимистон таътили тирамоҳӣ ва баҳории толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, аз ин ҳисоб таътили зимистонаро ба муддати 1 моҳ муқаррар намуд. Муддати се сол аст, ки аз ин таҷриба кор гирифта мешавад. Имсол ҳам толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон муддати тамоми моҳи январ ва 10 рӯзи моҳи феврал истироҳат карданд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.