Зимни баррасии масъалаи тасдиқи созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» дар парлумон раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки аз 310 нерӯгоҳи хурди барқии замони истиқлолият дар Тоҷикистон сохташуда 300-тои онҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуда, кор намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки агар бурсҳои ба Тоҷикистон пешниҳодшудаи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои хориҷӣ мақсаднок ва бидуни корррупсия истифода шаванд, онҳо метавонанд чандин маротиба зиёд шаванд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки дар созишномаи мазкур барои рушди истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия ва технологияҳои сарфаи энергия дар Тоҷикистон ба сифати бурс ҷудо гардидани 11,8 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Нуралиев таъкид кард, ки соли равон ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо Бонки ҷаҳонӣ низ ба маблағи 22 млн. доллари ИМА ба ин монанд созишномаро ба имзо расонад.
Палатаи поёнии парлумон созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли гузашта дар Душанбе баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз»-ро тасдиқ кард.



