Ба TeliaSonera иштирок дар таъсиси ҳукумати электронии Тоҷикистон пешниҳод шуд



Чанде қабл дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии ширкати TeliaSonera Йоханн Деннелинд мулоқот кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ҷонибҳо фаъолияти кунунии ширкат дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, зикр гардид, ки TeliaSonera дар 16 кишвари саросари дунё дар бахшҳои алоқаву пешниҳоди хизматгузориҳои интернетӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, муассиси асосии ширкати мобилии Tcell аст.

Ба гуфтаи Муҳиддинов, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои беҳбуди сифати алоқаи мобилӣ ва интернет дар Тоҷикистон, сармоягузорӣ ба ин бахш ва таъмини соҳа бо технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаи имкони иштироки ширкати TeliaSonera дар амалисозии консепсия оид ба таъсиси ҳукумати электронии Тоҷикистон низ матраҳ гардид. 

spot_imgspot_img

Популярное