Соҳибкорони Суғд роҳҳои афзошиши ҳаҷми содиротро меомӯзанд.

Соҳибкорони вилояти Суғд усулҳои рушди иқтидори содиротии худро дар семинаре, ки 21-23 май дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, меомӯзанд. Тавре аз шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд, барномаи омӯзишии зерин аз ҷониби лоиҳаи ЮСАИД оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон (ATAR) ва Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP) […]



Соҳибкорони вилояти Суғд усулҳои рушди иқтидори содиротии худро дар семинаре, ки 21-23 май дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, меомӯзанд.

Тавре аз шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд, барномаи омӯзишии зерин аз ҷониби лоиҳаи ЮСАИД оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон (ATAR) ва Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP) Лоиҳаи Мусоидат ба савдо (Aid for Trade) ташкил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, яке аз ҳадафҳои асосии барномаҳои ЮСАИД ва Барномаи Рушди СММ вусъат додан ва беҳтар намудани савдо ва содирот дар минтақа, тавассути ҷалби бахши хусусӣ, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ, аз ҷумла муайян кардани имкониятҳои истифоданашудаи савдо мебошад.

Гуфта мешавад, семинар мавзуҳои зеринро фаро мегирад: маркетинги содиротӣ тавассути  омӯзиши мисолҳои алоҳида, таъсири савдо ва сармоягузорӣ ба инкишофи иқтисодӣ, мисолщои амалӣ барои рушди содирот барои ширкатҳо, муколамаи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ баҳри беҳтарнамоии рақобатнокии содиротӣ.

Қобили зикр аст, ки семинар бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд барпо гашта, дар он зиёда аз сӣ нафар соҳибкорони соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, бофандагӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иштирок мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.