Ба TeliaSonera иштирок дар таъсиси ҳукумати электронии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии ширкати TeliaSonera Йоханн Деннелинд мулоқот кард. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ҷонибҳо фаъолияти кунунии ширкат дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, зикр гардид, ки TeliaSonera дар 16 кишвари саросари дунё дар бахшҳои алоқаву пешниҳоди хизматгузориҳои интернетӣ фаъолияти худро […]



Чанде қабл дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии ширкати TeliaSonera Йоханн Деннелинд мулоқот кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ҷонибҳо фаъолияти кунунии ширкат дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, зикр гардид, ки TeliaSonera дар 16 кишвари саросари дунё дар бахшҳои алоқаву пешниҳоди хизматгузориҳои интернетӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, муассиси асосии ширкати мобилии Tcell аст.

Ба гуфтаи Муҳиддинов, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои беҳбуди сифати алоқаи мобилӣ ва интернет дар Тоҷикистон, сармоягузорӣ ба ин бахш ва таъмини соҳа бо технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаи имкони иштироки ширкати TeliaSonera дар амалисозии консепсия оид ба таъсиси ҳукумати электронии Тоҷикистон низ матраҳ гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.