ВКД ба Хоруғ нерӯҳои иловагӣ намефиристад

– Ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест, – гуфт сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов. Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини амният дар маркази маъмурии вилоят нерӯ ва воситаҳои мавҷудаи сохторҳои қудратӣ дар шаҳр комилан кофӣ аст. […]



– Ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест, – гуфт сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов.

Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини амният дар маркази маъмурии вилоят нерӯ ва воситаҳои мавҷудаи сохторҳои қудратӣ дар шаҳр комилан кофӣ аст.

Ӯ зикр кард, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ комиссияи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои

ҳодисаи рӯзи 21-уми май рухдода

дар ин шаҳр машғуланд, ки бар асари он одамон ҳалок ва биноҳои Шуъбаи ВКД-и шаҳр, прокуратура ва суди вилоят оташ зада шуданд.

«Шаби гузашта вазъ дар шаҳри Хоруғ  ором сипарӣ гардида, ягон ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд», – иброз дошт Садриддинов.

Зимнан зикр гардид, ки чанде қабл вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Хоруғ рафт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.