– Ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест, – гуфт сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов.
Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини амният дар маркази маъмурии вилоят нерӯ ва воситаҳои мавҷудаи сохторҳои қудратӣ дар шаҳр комилан кофӣ аст.
Ӯ зикр кард, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ комиссияи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои
ҳодисаи рӯзи 21-уми май рухдода
дар ин шаҳр машғуланд, ки бар асари он одамон ҳалок ва биноҳои Шуъбаи ВКД-и шаҳр, прокуратура ва суди вилоят оташ зада шуданд.
«Шаби гузашта вазъ дар шаҳри Хоруғ ором сипарӣ гардида, ягон ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд», – иброз дошт Садриддинов.
Зимнан зикр гардид, ки чанде қабл вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Хоруғ рафт.



