Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Минск рафт



Шоми рӯзи 23-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Беларус баррасии масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сиёсӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Беларус 9,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 8,2 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Белорус ба Тоҷикистон рост меояд.

Соли 2011 президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон

ташриф оварда буд.

Дар ин сафар ҷонибҳо барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуҳлат миёни Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2011-2020-ро ба имзо расонида буданд.  

spot_imgspot_img

Популярное