Фаъолияти 174 корхонаи муштарак дар Тоҷикистон

Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон, бо назардошти корхонаҳо бо иштироки ҳиссаи давлат, феълан дар Тоҷикистон 174 корхонаҳои муштарак амал мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2013 шумори корхонаҳои муштарак дар кишвар 2 адад зиёд шудааст, вале агар маълумоти оморӣ бо маълумоти «Равзанаи […]

Заррина Эргашева



Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон, бо назардошти корхонаҳо бо иштироки ҳиссаи давлат, феълан дар Тоҷикистон 174 корхонаҳои муштарак амал мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2013 шумори корхонаҳои муштарак дар кишвар 2 адад зиёд шудааст, вале агар маълумоти оморӣ бо маълумоти «Равзанаи ягона»-и Кумитаи андози ҷумҳурӣ муқоиса шавад, тафовут ба мушоҳида мерасад ва дар Агентӣ инро чунин шарҳ медиҳанд, ки бисёре аз корхонаҳои сабтшуда барҳам хӯрда, маълумоти оморӣ корхонаҳои воқеъан амалдоштаро ба инобат мегирад.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти оморӣ, соли 1991 шумори корхонаҳои муштараки дар қаламрави Тоҷикистон таъсисдодашуда 46-торо ташкил медод. Соли 1996 шумори онҳо ба 283 адад расида, аз фурӯши маҳсулоташон дар ҳаҷми 47,5 млн. сомонӣ ё худ қариб 10 млн. доллари ИМА даромад гирифтанд.

Шурӯъ аз соли 1996 ҷараёни таъсис ва фаъолияти корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон тамоили манфиро касб карда, соли 2010 шумори онҳо – 147, соли 2011 – 157, соли 2012 – 158 ва соли 2013 – 172 ададро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон корхонаҳои муштарак бо ҳиссаи сармоягузориҳои хориҷӣ аз кишварҳои гуногун амал мекунанд, ки бузургтарини онҳо корхонаҳои муштараки Тоҷикистиону Русия, Тоҷикистону Чин ва корхонаҳо бо сармоягузориҳои Эрон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.