Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Минск рафт

Шоми рӯзи 23-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар, […]



Шоми рӯзи 23-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Беларус баррасии масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сиёсӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Беларус 9,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 8,2 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Белорус ба Тоҷикистон рост меояд.

Соли 2011 президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон

ташриф оварда буд.

Дар ин сафар ҷонибҳо барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуҳлат миёни Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2011-2020-ро ба имзо расонида буданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.