Шабдолов дар бораи эҳтимоли ВМКБ-ро аз даст додани Тоҷикистон



– Рӯйдодҳои Хоруғ тасодуфӣ набуда, бо амалҳои террористии рухдода дар шаҳри Урумчии Чин ва музофоти Юмгони Бадахшони Афғонистон ҳалқаи як занҷиранд, – изҳор намуд дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.

«Доираҳои муайян, пеш аз ҳама НАТО ва Арабистони Саудӣ ҷангҳои харобиоварро акнун аз қаламрави як қатор кишварҳои арабӣ ба минтақаи мо оварданианд ва Бадахшон метавонад барои онҳо минтақаи мусоид шавад», – иброз дошт Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, қаламрави ин минтақаи кӯҳистон сарфи назар аз мутааллиқ буданаш ба Тоҷикистону Чин ва Афғонистон ё Покистон, аҳамияти геополитикӣ дошта, манфиатҳои кишварҳои абарқудрат маҳз дар ҳамин қаламрави васеъ ба ҳам печида мешаванд.

«Ман огаҳ нестам, ки дастандаркорони рӯйдодҳои ахири Хоруғ ҷинояткоронанд ё намояндагони сохторҳои қудратӣ, вале мутмаинам, ки ҳукумати марказии Тоҷикистонро таъҷилан бозбинии сиёсат нисбати ВМКБ дар масоили кадрӣ ва идоракунӣ зарур аст, зеро ба мисли вилоятҳои Суғду Хатлон ё водии Рашт идора кардани ин вилоят мувофиқи мақсад нест», – таъкид дошт Шабдолов.

Раиси Ҳизби коммунист қайд кард, ки баргузор намудани амалиёт бо истифодаи нерӯ оид ба боздошти гумонбарон ба содир кардани ҷиноят дар маркази шаҳри аҳолиаш сершумор худ гувоҳи ғайриҳирфаӣ будани сардорони милиса аст.

«Ҷинояткорон, қочоқбарони маводи мухаддир дар ВМКБ ҳам замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам замони баъди пошхӯрии он зимни марз бо Афғонистонро ҳимоя кардани марзбонони рус амал мекарданд, вале ҳеҷ гоҳ сарбозу афсари шӯравӣ ё марзбони рус барои боздошти онҳо дар маркази шаҳр тирпарронӣ накардааст», – гуфт вакил.

Ба қавли ӯ, нерӯҳое, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаҳонро таҳти раҳбарии ИМА ва НАТО якқутба эълон карданд, имрӯз бо маблағгузорӣ ба бетартибиҳои оммавӣ дар бисёр нуқтаҳои ҷаҳон дарк намекунанд, ки ҷаҳон аллакай бисёрқутба шудааст ва исботи он рӯйдодҳои ахири Украина аст.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистонро дарки роҳ надодани истифодаи артиш дар ҳодисаҳои марбут ба ҷинояткорӣ зарур аст, зеро амалиёти низомии соли 2012 дар Хоруғ чизеро дар он ҷо тағйир надода, танҳо нобоварии мардум ба ҳукумати марказиро афзуд. Имрӯз ҳукумат бояд ҷиддӣ сари ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии сокинони Бадахшон андеша кунад, чунки аксари онҳо дар ҳоли фақр зиндагӣ дошта, қариб тамоми аҳолии коршоями минтақа дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад ва ҷавонон ба ҳеҷ коре машғул нестанд», – зикр кард сиёсатмадор.

Шабдолов изҳор кард, ки ҳукуматдоронро ҳамчунин зарур аст, ки сари масъалаҳои роҳандозии муборизаи пурсамар ва ҳирфаӣ бо ҷинояткорӣ дар ВМКБ, таъини ватандӯстони ҳақиқӣ ва шахсони саводноку бомаърифат ба мансабҳои давлатӣ низ тадбир биандешанд. «Вагарна, мо ВМКБ-ро аз даст медиҳем, ки онро хеле зуд абарқудратони ҷаҳони имрӯза азхуд мекунанд», – афзуд раиси ҲКТ.

spot_imgspot_img

Популярное