Ҳалокати 6 нафар бар асари садамаи нақлиёт дар ҷануб

Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои хадамоти матуоти ВКД ҶТ,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» сокини 28-солаи ноҳияи Панҷ Далерҷон Боймуродов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Румӣ дар қаламрави ноҳияи Бохтар бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 32-солаи Душанбе Умедҷон Эмомов бармехӯрад. […]



Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар шаш нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матуоти ВКД ҶТ,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» сокини 28-солаи ноҳияи Панҷ Далерҷон Боймуродов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Румӣ дар қаламрави ноҳияи Бохтар бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 32-солаи Душанбе Умедҷон Эмомов бармехӯрад.

Ба иттилои манбаъ, аз зарбаи сахт автомашинаи таҳти идораи Эмомов ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «КамАЗ» бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи садама мусофирони «Мерседес-Бенс»-и дуюм, сокинони пойтахт  – Фарзона Эмомоваи 26-сола, Рухшона Эмомоваи 27-сола, Парвина Эмомоваи 36-сола ва Беҳзод Ғафурови 6-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду тан аз мусофирони ин автомашина – Равшан Эмомови 2-сола ва Роҳила Ғафуроваи 5-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон фавтидаанд. Ронанда У.Эмомов, Хуршеда Эмомоваи 4-сола ва Ҳидоят Ишматоваи 56-сола дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.