ВКД: Мусодираи беш аз 7 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз

Зимни баргузории як амалиёти махсуси кормандони милиса дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди қаблан ҳам барои содир намудани ба ин монанд ҷиноят маҳкумшуда Анвар Аминови 52-сола боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз боздоштшуда ҳудуди 5 кило маводи мухаддири ҳашиш ва […]



Зимни баргузории як амалиёти махсуси кормандони милиса дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди қаблан ҳам барои содир намудани ба ин монанд ҷиноят маҳкумшуда Анвар Аминови 52-сола боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз боздоштшуда ҳудуди 5 кило маводи мухаддири ҳашиш ва 623 грамм героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни як чорабинии фаврии дигар дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Вахш Ҷумъахон Маҷидови 43-сола дастгир гардида,  зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 700-грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вазни умумии маводи нашъадори мусодиракардашуда 7 килою 242-граммро ташкил дода, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаааст ва тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.