Дар Минск гуфтушуниди Раҳмону Лукашенко ҷараён дорад

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди қасри Истиқлоли шаҳри Минск оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ […]



Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди қасри Истиқлоли шаҳри Минск оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи салом кардани меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

Александр Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки Шумо барои ман ва мардуми Беларус ҳамеша меҳмони дилхоҳ ҳастед. “Тоҷикистону Беларус ва мардумони ду кишвар дӯсту бародаранд ва мо, роҳбарони давлатҳо низ мутобиқ ба ҳамин гуна муносибат амал мекунем”.

Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко барои даъват ва пазироии бародарона ва барои дастгирии доимӣ аз Тоҷикистон арзи сипос намуд. Изҳори сипос ҳамчунин доир ба кумак дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.