Боздиди баронессаи бритониёӣ аз дафтари кории ҲНИТ



Рӯзи 27-уми май дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мулоқоти Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб ва вакили МН бо Баронесса Вивйен Стерн, намояндаи парлумони Бритониё ва Ричард Вуд, муовини сафири Бритониё дар Тоҷикистон баргузор гашт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суҳбати ҳарду ҷониб масоили вобаста ба амнияти кишвар ва минтақа, фаъолияти парлумони Тоҷикистон, эҷоди муносибот байни парлумонҳои ду кишвар, фаъолияти ҳизби характери динидошта дар кишвар, муносиботи ҳукумат бо ин ҳизб ва фишору тазйиқи аъзою ҷонибдорони онро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳамин рӯз Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ бо хонум Аннет Бор – пажӯҳишгари масоили Русия ва АвруОсиё дар Институти шоҳигарии Бритониё оид ба умури байналмилалӣ ва Бенҷамин Рар, мудири иҷроияи муассисаи гузоришӣ ва машваратии BVR-и кишвари мазкурро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҷеъ ба хуруҷи НАТО аз Афғонистон ва таъсири ин раванд ба кишварҳои минтақа, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, дурнамои муносиботи кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикистон, интихоботи парлумонии соли 2015, шеваҳои мубориза бо редикализми диниву дунявӣ ва масоили дигар баҳс сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное