Пас аз вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Абдулло Навҷувонов сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ки рӯзи сешанбе бо талаби аз мансаб барканор кардани сардори Шуъбаи ВКД-и ноҳия даст ба тазоҳурот зада буданд, нимаи дуюми рӯз ба хонаҳояшон пароканда шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, муовини вазири корҳои дохилӣ талабҳои гирдиҳамомадагонро шунида, ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ ва онро ҳаллу фасл мекунад. «Шоми ҳамин рӯз ӯ аз Ишкошим ба Хоруғ баргашт», – иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки ба иллати
ин рӯйдод дар Ишкошим
, ҷараёни гуфтушунид муваққатан мутаваққиф шуда буд. Сокинони ноҳияи Ишкошим даст ба эътироз зада, талаб доранд, ки сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз мансаб барканор шавад. Ӯ сокинони маҳаллиро носазо гуфтаааст, ки ба хашмгиниву норозигии аҳолӣ боис гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ, Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи сешанбе ба шаҳри Хоруғ омада, имрӯз бо мақомоти раҳбарӣ ва намояндагонони аҳли ҷомеа мулоқот баргузор карданист.



