Тоҷикистону Баҳрайн 8 санади ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн миёни кишварҳо 8 санади ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст. Шоми рӯзи сешанбе […]



Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн миёни кишварҳо 8 санади ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.

Шоми рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Шоҳигарии Баҳрайн – шаҳри Манама ворид шуд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Манама сарвари давлати Тоҷикистон муовини сарвазири Шоҳигарӣ шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳарду палатаҳои парлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.