Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии ОМ масоили шиканҷаро баррасӣ мекунанд

Рӯзи 27-уми май дар Алмаато конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа: таҷрибаи Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии зиддишиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон» ба кори худ оғоз кард. Дар ҷараёни ин ҳамоиши серӯза шабакаи ғайрирасмии созмонҳои ҷамъиятии Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади муборизаи муштарак алайҳи шиканҷа таъсис дода мешавад. Дар ин конфронс, […]



Рӯзи 27-уми май дар Алмаато конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа: таҷрибаи Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии зиддишиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон» ба кори худ оғоз кард. Дар ҷараёни ин ҳамоиши серӯза шабакаи ғайрирасмии созмонҳои ҷамъиятии Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади муборизаи муштарак алайҳи шиканҷа таъсис дода мешавад.

Дар ин конфронс, ки то 29 май идома меёбад, фаъолони зиёда аз 60 ташкилоти ҷамъиятии Осиёи Марказӣ, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии маблағгузор ва ҳомии ҳуқуқи инсон иштирок доранд. Кормандони мақомоти дипломосие, ки ҳаводори тақвияти раванди пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ҳамчунин дар ин конфронс ширкат меварзанд.

Чӣ тавре ки дар оғози ҳамоиши мазкур намояндаи Бунёди Ҳелсинкии ҳуқуқи инсон Ленур Керимов иброз дошт, ҳамоиши мазкур барои фаъолони ҷамъиятӣ ва коршиносони масоили пешгирии шиканҷа заминаи табодули таҷрибаро фароҳам меорад. Дар ҷараёни конфронс аз ҷумла мавзӯъҳои мониторинг ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳои марбут ба шиканҷа; пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқӣ ба шахсони шиканҷашуда; роҳнамо оид ба тафтишу санадсозии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф («Протоколи Истанбулӣ»); ҷонибдорию ҳимояти стратегӣ (адвокатсия) ва кор бо ВАО баррасӣ мешаванд.

Ба ҷуз ин, иштирокдорони ҳамоиш гурӯҳҳои кории мавзӯиро созмон медиҳанд, аз ҷумла, гурӯҳи кории таҳлилӣ оид ба ҳамоҳангсозии мониторинги ҷанбаҳои гуногуни озодӣ аз шиканҷа ва таҳияи маводи таҳлилӣ дар сатҳи минтақавӣ; гурӯҳи корӣ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ барои табодули маълумот пиромуни масоили амалии ҳифзи ҷабрдидагони шиканҷа; гурӯҳи корӣ оид ба адвокатсия дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ. Қарор аст, ки ин гурӯҳҳои корӣ бахши таркибии фаъолияти минбаъдаи Эътилофҳо дар самти маҳви шиканҷа мешаванд, зеро онҳо дар соҳаҳои дахлдор марказҳои ҳамоҳангсоз гардида, ба дигар аъзои Эътилоф маълумот медиҳанд.

Конфронси макур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи «Фаъолиятҳо дар самти озодӣ аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа аз ҷониби Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии зиддишиканҷаи Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Бунёди Ҳелсинкии ҳуқуқи инсон (Лаҳистон) ва Шарикии байнулмилалии ҳуқуқи инсон (Белжик) амалӣ мегардад. Институти “Ҷомеаи Кушода”, Бунёди Миллии Демократӣ ва Афви Байнулмилал ҳамчунин маблағгузорони ҳамоиши Алмаато мебошанд.

Конфронси дуюми минтақавии созмонҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи пешгирии шиканҷа дар соли 2016 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.