Дар маросими муаррифӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон намояндаи доимии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов изҳор намуд, ки коҳиши муътадили қурби сомонӣ насбат ба доллари ИМА ба қарзи хориҷии Тоҷикистон таъсир мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, зимни коҳиши қурби асъори миллӣ таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) меафзояд, аммо айни замон ХБА чунин мешуморад, ки таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД дар сатҳи қобили қабул қарор дорад ва дар ҳолати коҳиши муътадил аз ҳеҷ гуна хатаре интизорӣ намеравад.
Биболов бар ин назар аст, ки аз коҳиши қурби сомонӣ буҷети давлатии Тоҷикистон фоида ҳам ба даст оварда метавонад, масалан аз ҳисоби афзоиши пардохтҳои андоз ва гумрук бо асъори миллӣ, зеро маҳсулот ба кишвар бо доллари ИМА ворид мегардад.
«Чун Тоҷикистон аслан ба воридоти маҳслуот ба кишвар вобаста аст, болоравии қурби доллар метавонад ба афзоиши мизони тавррум низ таъсир расонад. «Шумо аллакай афзоиши сатҳи таваррумро мебинед, ки он метавонад дар натиҷаи болоравии қурби доллар ба вуҷуд омада бошад, ҳарчанд он бештар аз бахши хизматгузорӣ вобаста аст», – гуфт намояндаи доимии ХБА.
Ёдрас мекунем, ки ба санаи 1-уми апрели соли 2014 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 млрд. 192,48 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ММД 21,9%-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо аввали сол ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз ҳисоби азхудкунии воситаҳо ба маблаги 35,09 млн. $ ва фарқияти қурбӣ ба маблағи 2,87 млн. $ афзуда, аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ дар ҳаҷми 33,96 млн. $ коҳиш ёфт.



