Таъсири коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллар ба қарзи хориҷӣ

Дар маросими муаррифӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон намояндаи доимии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов изҳор намуд, ки коҳиши муътадили қурби сомонӣ насбат ба доллари ИМА ба қарзи хориҷии Тоҷикистон таъсир мекунад. Ба гуфтаи ӯ, зимни коҳиши қурби асъори миллӣ таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) меафзояд, аммо […]

Заррина Эргашева



Дар маросими муаррифӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон намояндаи доимии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов изҳор намуд, ки коҳиши муътадили қурби сомонӣ насбат ба доллари ИМА ба қарзи хориҷии Тоҷикистон таъсир мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, зимни коҳиши қурби асъори миллӣ таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) меафзояд, аммо айни замон ХБА чунин мешуморад, ки таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД дар сатҳи қобили қабул қарор дорад ва дар ҳолати коҳиши муътадил аз ҳеҷ гуна хатаре интизорӣ намеравад.

Биболов бар ин назар аст, ки аз коҳиши қурби сомонӣ буҷети давлатии Тоҷикистон фоида ҳам ба даст оварда метавонад, масалан аз ҳисоби афзоиши пардохтҳои андоз ва гумрук бо асъори миллӣ, зеро маҳсулот ба кишвар бо доллари ИМА ворид мегардад.

«Чун Тоҷикистон аслан ба воридоти маҳслуот ба кишвар вобаста аст, болоравии қурби доллар метавонад ба афзоиши мизони тавррум низ таъсир расонад. «Шумо аллакай афзоиши сатҳи таваррумро мебинед, ки он метавонад дар натиҷаи болоравии қурби доллар ба вуҷуд омада бошад, ҳарчанд он бештар аз бахши хизматгузорӣ вобаста аст», – гуфт намояндаи доимии ХБА.

Ёдрас мекунем, ки ба санаи 1-уми апрели соли 2014 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 млрд. 192,48 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ММД 21,9%-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо аввали сол ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз ҳисоби азхудкунии воситаҳо ба маблаги 35,09 млн. $ ва фарқияти қурбӣ ба маблағи 2,87 млн. $ афзуда, аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ дар ҳаҷми 33,96 млн. $ коҳиш ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.