Сафари чорум баронесса Вивиен Стерн ба Тоҷикистон дирӯз хотима ёфт.
Бино ба иттилои сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ҳадафи сафари баронесса аз давом додани гуфтушунид марбут ба муассисаҳои ислоҳотӣ, ҳуқуқҳои инсон ва инчунин баланд бардоштани муносибатҳои парлумонӣ иборат буд. Дар чаҳорчӯби барномааш баронесса бо намояндагони ҳам сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ вохӯрӣ намуданд. Аз ҷумла, Вивиен Стерн бо Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Сироҷидин Аслов, ҷонишини аввали Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Абдураҳмон Бузмаков, Прокурори генералӣ ҷаноби Шерхон Салимзода, Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зариф Ализода, бо гурӯҳи ҳимоягарон/ҳуқуқдонҳо ва бо ҷонишинҳои раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидумар Ҳусайнӣ ва ҷаноби Маҳмадали Хайит вохӯрӣ намуданд. Ӯ инчунин имконият дошт, ки бо раисони кумитаҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили раиси Кумитаи Парлумонӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва қонунгузорӣ ҷаноби Худоѐрзода Бахтиѐр Тавар ва раиси Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ҷаноби Фарҳод Раҳимов вохӯрӣ намояд.
Вивиен Стерн инчунин имконият дошт, ки бо дипломатҳои ҷавони Тоҷик дар мавзӯъи муносибатҳои байнипарлумонӣ ва нақши Парлумони Шоҳигарии Бритониѐ дар ҳайѐти демократӣ мулоқот намоянд.
Ӯ бо ҳамроҳии ҷонишини Вазорати адлия ва роҳбари Раѐсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷаноби Изатулло Шарипов аз маҳбусхонаи ноболиғон, ки воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳаст, дидан намуданд. Ӯ ҳамчунин, бо ҳамроҳии ҷонишинҳои ин раѐсат аз маҳбусхонаи занона, ки дар шаҳри Норак воқеъ аст, дидан намуд.
Инчунин В.Стерн бо лоиҳаи “Тавоноӣ ва дороии зан” воқеъ дар ноҳияи Хуросон, ки аз тарафи Департаменти Шоҳигарии Бритониёи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Фонди Наҷоти Кӯдакон амалӣ мешавад, шинос шуд. Ӯ бо гурӯҳи занони фаъоли ҷамоатии Айнии ин ноҳия вохӯрӣ намуданд.
Дар хотимаи сафарашон баронесса Стерн гуфтаааст: «Ман ҳамеша аз сафар ба чунин кишвари зебо хушҳол ҳастам. Ман рӯҳбаланд аз он ҳастам, ки пешравиҳоро дар муқоиса ба сафари охиронам мушоҳида менамоям. Ман аз вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Аслов хеле шод шудам ва бо Парлумони Тоҷик дар бобати боз ҳам равнақ додани муносибатҳои тараққиёфта байни парлумонҳоямон ва кишварҳоямон муҳокима намудам. Ман интизори он ҳастам, ки ҷаноби Аслов ва ҳайати вакилонашонро ба Парлумони Бритониё, ки моҳи июли соли ҷорӣ ташриф меоранд, хайра мақдам намоям».



