Анҷоми сафари баронессаи бритониёӣ ба Тоҷикистон

Сафари чорум баронесса Вивиен Стерн ба Тоҷикистон дирӯз хотима ёфт. Бино ба иттилои сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ҳадафи сафари баронесса аз давом додани гуфтушунид марбут ба муассисаҳои ислоҳотӣ, ҳуқуқҳои инсон ва инчунин баланд бардоштани муносибатҳои парлумонӣ иборат буд. Дар чаҳорчӯби барномааш баронесса бо намояндагони ҳам сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ вохӯрӣ намуданд. […]

ASIA-Plus



Сафари чорум баронесса Вивиен Стерн ба Тоҷикистон дирӯз хотима ёфт.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ҳадафи сафари баронесса аз давом додани гуфтушунид марбут ба муассисаҳои ислоҳотӣ, ҳуқуқҳои инсон ва инчунин баланд бардоштани муносибатҳои парлумонӣ иборат буд. Дар чаҳорчӯби барномааш баронесса бо намояндагони ҳам сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ вохӯрӣ намуданд. Аз ҷумла, Вивиен Стерн бо Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Сироҷидин Аслов, ҷонишини аввали Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Абдураҳмон Бузмаков, Прокурори генералӣ ҷаноби Шерхон Салимзода, Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зариф Ализода, бо гурӯҳи ҳимоягарон/ҳуқуқдонҳо ва бо ҷонишинҳои раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидумар Ҳусайнӣ ва ҷаноби Маҳмадали Хайит вохӯрӣ намуданд. Ӯ инчунин имконият дошт, ки бо раисони кумитаҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили раиси Кумитаи Парлумонӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва қонунгузорӣ ҷаноби Худоѐрзода Бахтиѐр Тавар ва раиси Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ҷаноби Фарҳод Раҳимов вохӯрӣ намояд.

 Вивиен Стерн инчунин имконият дошт, ки бо дипломатҳои ҷавони Тоҷик дар мавзӯъи муносибатҳои байнипарлумонӣ ва нақши Парлумони Шоҳигарии Бритониѐ дар ҳайѐти демократӣ мулоқот намоянд.

Ӯ бо ҳамроҳии ҷонишини Вазорати адлия ва роҳбари Раѐсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷаноби Изатулло Шарипов аз маҳбусхонаи ноболиғон, ки воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳаст, дидан намуданд. Ӯ ҳамчунин, бо ҳамроҳии ҷонишинҳои ин раѐсат аз маҳбусхонаи занона, ки дар шаҳри Норак воқеъ аст, дидан намуд.

 Инчунин В.Стерн бо лоиҳаи “Тавоноӣ ва дороии зан” воқеъ дар ноҳияи Хуросон, ки аз тарафи Департаменти Шоҳигарии Бритониёи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Фонди Наҷоти Кӯдакон амалӣ мешавад, шинос шуд. Ӯ бо гурӯҳи занони фаъоли ҷамоатии Айнии ин ноҳия вохӯрӣ намуданд.

Дар хотимаи сафарашон баронесса Стерн гуфтаааст: «Ман ҳамеша аз сафар ба чунин кишвари зебо хушҳол ҳастам. Ман рӯҳбаланд аз он ҳастам, ки пешравиҳоро дар муқоиса ба сафари охиронам мушоҳида менамоям. Ман аз вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Аслов хеле шод шудам ва бо Парлумони Тоҷик дар бобати боз ҳам равнақ додани муносибатҳои тараққиёфта байни парлумонҳоямон ва кишварҳоямон муҳокима намудам. Ман интизори он ҳастам, ки ҷаноби Аслов ва ҳайати вакилонашонро ба Парлумони Бритониё, ки моҳи июли соли ҷорӣ ташриф меоранд, хайра мақдам намоям».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.