Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба президенти ин кишвар Илҳом Алиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоро, ки тайи солҳои охир ба таври назаррас вусъат ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба президенти ин кишвар Илҳом Алиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоро, ки тайи солҳои охир ба таври назаррас вусъат ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунанд.

«Мо азм дорем, ки бо Озарбойҷон минбаъд ҳам зич ҳамкорӣ намуда, ин саъю кӯшишро бо мазмуни нави ҷавобгӯи тақозои замони ҳозира ғанӣ гардонем ва аминам, ки сафари пешорӯи расмии Шумо ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷонибаи мо қувваи нав мебахшад. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ҳамаи кори имконпазирро анҷом медиҳад», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.